Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ баъди ҷанҷолҳо "нармтар" шудааст


Баъди чанд моҳи ҷанҷолу кашмакаш, Куриёи Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар мавриди оғоз кардани музокирот изҳори омодагӣ кардаанд. Куриёи Шимолӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, омода аст бо ҳамсояи ҷанубиаш дар бораи ифтитоҳи корхонаҳои муштараки саноатии Каесонг дар Куриёи Шимолӣ гуфтӯгу кунад, ки ин корхонаҳоро баъди авҷ гирифтани танишҳо бастанд. Хабаргузории расмии Куриёи Шимолӣ ҳамчунин гуфтааст, мақомоти ин кишвар моиланд, масъалаи ба ҳам овардани аъзои хонаводаҳоеро баррасӣ кунанд, бинобар марзбандӣ миёни ду тараф аз ҳам ҷудо шудаанд. Вазорати иттиҳоди Куриёи Ҷанубӣ аз пешниҳоди музокирот, амали мусбат хондааст. Баъди партоби моҳвора ба фазо дар моҳи декабр ва озмоиши атомӣ дар моҳи феврал дар Куриёи Шимолӣ, таниш байни ду тараф бисёр авҷ гирифт.
XS
SM
MD
LG