Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷиноят дар Тоҷикистон, "паноҳгоҳ" дар Руcия


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Пас аз як соли муҳоҷират ҳангоми бозгашт ба ватан Толибҷон Абдухолов, як ҷавони маҳаллӣ аз ҷониби кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб боздошт шуд.

Ин ҷавон дар содир кардани ҷиноят ва фирор ба Русия гумонбар дониста мешавад. Масъулини ШКД-и Кӯлоб мегӯянд, Абдухолов як солу ду моҳ пеш аз сафараш ба Русия ҷавонеро ташвиқ мекунад, то тариқи меъдааш ба Русия маводи мухаддир интиқол диҳад, аммо ин ҷавон пеш аз сафар бемор шуда, бистарӣ мешавад.

Мақомот ин ҳолатро ошкор мекунанд ва ӯ шоҳидӣ медиҳад, ки маводи мухаддирро аз Абдухолов гирифтааст, аммо дар замони ин ҳодиса, гумонбар огоҳ шуда, ба Русия фирор мекунад. Ҳоло парвандаи ин ҷавон барои фирор ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба додгоҳи Кӯлоб интиқол ёфтааст. Ба гуфтаи масъулин, ҳолати содир кардани ҷиноят ва фирор ба Русия дар миёни аксари гумонбарон дар ҷиноят афзоиш ёфтааст, ки ин аксаран кори мақомотро мушкил мегардонад.

Лутфулло Расулов, ҳуқуқшиноси маҳаллӣ, ки дар чанде аз лоиҳаҳои созмонҳои байналмиллалӣ дар робита ба кору зиндагии муҳоҷирон иштирок доштааст, мегӯяд, афроде, ки ҷиноят содир мекунанд, қаламрави Русияро ҳамчун як паноҳгоҳ барои эмин мондан аз ҷазо истифода мебаранд. Ӯ мегӯяд, Русия як кишвари бузург аст ва мақомоти дахлдор барои пайдо кардани чунин гумонбарон вақту маблағи зарурӣ надоранд:

«Аз тарафи дигар миёни мақомотҳо ва фурудгоҳу марзбонҳо робитаи фаврӣ камтар аст. Баъдан, ҷиноятҳо замоне ошкор мешаванд, ки аллакай ҷинояткор фирор кардааст. Аз ин рӯ кори мақомот мушкил мешавад. Барои пайдо кардану овардани як нафар аз Русия маблағи зиёд лозим мешавад. Баъдан, муҳоҷирони мо ҳам дар Русия ҷои кори аниқ надоранд ва макони зисти дақиқ ҳам надоранд, ки ин ҳам кори мақомоти моро мушкилтар мекунад. Милисаҳо ҳам танҳо одам мегузоранд, ки кадом вақте, ки ҷинояткор баргашт, ӯро боздошт кунанд.»

Моҳрухсор Хоҷаева, як сокини ҷамоати Кӯлоб мегӯяд, соле пеш ӯро шавҳараш латукуб карда ба Русия рафтааст, вале мақомот дар қиболи ӯ ҳеҷ чорае намебинанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло ба додгоҳ барои ҷудо шудан ва ситонидани алимент барои ду фарзанди ноболиғаш ариза пешниҳод кардааст, вале бинобар дар Русия будани шавҳараш, ҳалли ин корҳо номумкин гаштааст.

«Аҳволам бо ду кӯдак нохуб аст. Кӯдаконам бемор ҳастанд. Аз ӯ дигар ҳеҷ хабар нест ва ягон шинос ҳам адресашро дар Русия намедонад. Дар суд мегӯянд, ки то ӯ барнагардад, коре карда наметавонем. Мумкин ӯ панҷ сол пас баргардад. Ман дар ин қадар сол чи хел бо кӯдаконам зиндагӣ кунам, намедонам.»

Фурқат Раҳматуллоев, корманди додгоҳи ноҳияи Шӯрообод аз таҷрибаи кориаш мегӯяд, чунин ҳолатҳо хеле зиёданд, вале кормандони суд ба ҷуз интизор шудан, дигар роҳе надоранд: «Аз рӯзи ариза ворид шудан алимент барои фарзандон ҳисоб карда мешавад. Бисёр вақт наздиконашон ба ҷояшон алимент месупоранд, аммо агар як сол ё ду сол пас аз Русия баргашт, ӯҳдадор аст, ки бо ҳисоб аз рӯзи ариза алиментро супорад. »

Фаррух Раҳматов, як коршиноси маҳаллӣ бо дарназардошти чунин ҳолатҳо ҷонибдори ҷорӣ кардани виза барои муҳоҷирон аст. Ӯ мегӯяд, дар сурати ҷорӣ кардани виза, сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш меёбад ва муҳоҷирон ҳам соҳиби ҷои кори арзанда мешаванд: «Осон ба Русия гурехтан фикри ҷинояткориро дар зеҳни ҷавонон бештар мекунад. Яъне, ба як нафар қасд дорад ва барои шаб билет харида, онро дар соате пеш аз парвоз лату куб карда, фирор мекунад. Агар виза ҷорӣ кунанд, чунин ҳолат кам мешавад. Дар чунин ҳолат пеш аз виза гирифтан бояд системае бошад, ки пеш аз сафар муҳоҷирро бинад, ки аз алимент, андоз қарздор набошад ва дар ҷустуҷӯ қарор надорад. Виза бошад ҳам ҷинояткорӣ дар Тоҷикистону Русия аз ҷониби тоҷиконро кам мекунад ва ҳам муҳоҷирон мсили инсон зиндагӣ мекунанд. »

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳматов, бисёре аз гумонбарон дар ҷиноят, ки бо фирор дар Русия қаррор мегиранд, кӯшиш мекунад, бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва додани пора ба воситаи наздикон худро дар ватан «сафед» ё ба истилоҳи дигар «делаашонро бихобононд». Агар ин имкон барояшон даст диҳад, ба итминон ва дили пур ба ватан бармегарданд, дар сурати дигар даҳсолаҳо муҳоҷир боқӣ мемонанд. Бархеи дигарро мақомот бо роҳи осон барояшон, яъне итминон додан, ки нисбаташ парванда нест, ба ватан меоранд ва боздошт мекунанд.

Бо ин вуҷуд омори дақиқе вуҷуд надорад, ки чанд нафар гумонбар дар ҷиноят аз Тоҷикистон ҳоло дар Русия қарор дорад, зеро дар парвандаҳои онҳо маъмулан ҷумлае мисли «дар макони ба тафтишот номаълум қарор дорад ва кофтуков идома дорад», сабт мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG