Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВКД: "Аз 95 гумшуда 81 нафарашон ёфт шудаанд"


Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун 95 ноболиғ гум шудааст.

Давлат Назаров, муовини сардори Хадамоти ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин матлабро рӯзи панҷшанбеи 6-уми июн зимни баргузории нишасти марбут ба «Талошҳои муштараки ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ» дар шаҳри Душанбе баён кард. Ба таъкиди ин мақоми вазорати корҳои дохилӣ, «аз 95 ноболиғе, ки дар муддати чор моҳи соли ҷорӣ гум шудаанд, 81 нафари онҳо пайдо гардидаанд.»

Аммо бо ин ҳама талошҳои ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, дар бораи сарнавишти Малика ва Сабина Араловаҳо, ки беш аз ду моҳ боз бедарак ҳастанд, хабаре дар даст нест. Бо вуҷуди он, ки мақомот мегӯянд, 81 нафар ноболиғи гумшударо пайдо кардаанд, аммо дар бораи сабабҳои гумшудани онҳо изҳори назаре накарданд.

Ҳамчунин дар ин нишаст аз вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон сухан рафт ва таъкид гардид, ки дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ 19 мавриди куштор тавассути ноболиғон сабт шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7 маврид бештар аст. Ҷинояти таҷовуз ба номус низ дар ин муддат афзоиш ёфта ва 9 маврид сабт гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5 маврид бештар шудааст.

Ҳамоиши «Адолати судии ноболиғон» ба ибтикори созмони иҷтимоии «СПИН Плюс» дар вазорати адлияи Тоҷикистон ҷараён дорад, ки дар кори он намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Оонсии назорат бар маводи мухаддир, Маркази ҳуқуқи кӯдак, Лигаи занони ҳуқудон ва ғайра ширкат доранд. Хабарнигори радиои Озодӣ мегӯяд, ширкатдорони нишаст, масоили марбут ба «адолати судии ноболиғон» дар ҷомеаи Тоҷикистонро ба баҳсу баррасӣ гирифтаанд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАВОМИ РӮЗ НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG