Пайвандҳои дастрасӣ

"Боздошти колоҳои Эрон дар Узбакистон раҳзанона буд"


Алиасғар Шеърдӯст, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон.

Алиасғар Шеърдӯст, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон.

Намоишгоҳи саноатии «Интерлегпром -2013» дар Душанбе, ки ба далели дар мондани колоҳои ширкатҳои Эронӣ дар қаламравӣ Узбакистон як рӯз ба таъхир афтода буд, рӯзи 6-уми июн билохира ифтитоҳ шуд.

Муҳаммад Умронӣ, мудири кулли ширкати «Роҳи рушди Осиё» ва масъули баргузории Намоишгоҳи саноатии Эрон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ мусодира шудани колоҳои ин се ширкатро як амали «роҳзанона»-и давлати Узбакистон хонд ва гуфт, ин кишвар билохира шоми 5 июн мошинҳои ҳомили колоҳои намоишгоҳро раҳо кард, вале ба ҷуз аз се ширкат: «Яке ин ширкати нассоҷии «Фирдавс» аст, ки колоҳояшро ба далели ин ки дар ҳуҷҷат либоси мардона навишта шуда аммо дар асл либосҳои занона ҳам дар байни молҳояш будааст мусодира шуд. Дуввум копсулҳои гази ширкати «Севилгоз», ки дар ҳуҷҷатҳояш филиз навишта шуда, аммо гумрукчиён гуфтаанд, он газ ҳаст ва мусодирааш кардаанд. Саввум, ҷойнамозҳои як ширкати дигар ҳам мусодира шуданд, ки аз нишондоди ҳуҷҷат миқдорашон зиёд будааст.»



Ҷаноби Умронӣ афзуд, ки мувофиқи қоидаҳои боркашонӣ моле, ки тариқи қаламрави як кишвар ба кишвари саввум интиқол дода мешавад, ба ҷуз колоҳои низомӣ, бояд чунин мӯшикофона тафтиш нашаванд. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки имрӯз чанде аз тоҷирони эронӣ, ки тариқи нақлиёти автомобилӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон мол ворид мекунанд, дар интиқоли колояшон аз Узбакистон ба мушкил дучор мешаванд.

Ин бори аввал нест, молу колои Эрон барои намоишгоҳҳои саноатӣ дар Тоҷикистон, дар марзи Узбакистон бо ҳар баҳона боздошта мешаванд.
Алиакбар Умронӣ, мудири кулли ширкати «Роҳи рушди Осиё»-и Эрон таъкид кард, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи гузашта ҳангоми ба Тоҷикистон овардани мӯзаҳои мардона, гумрукчиёни узбак бо баҳонаи ин, ки ин мӯзаҳо пойафзоли низомӣ ҳастанд, иҷозаи вуруд надоданд ва ҳамаро мусодира карданд.

Алиасғар Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суханронии ифтитоҳияш гуфт, ки дармондан ва мусодира шудани колоҳои ин кишвар дар Узбакистон мушкили фаннӣ нест: «Зебанда нест, ки колоҳое, ки барои ширкат дар намоишгоҳ дар Тоҷикистон ҳамл мешаванд, дар кишварҳои масир дар шакли ғайриусулӣ боздошт шаванд. Ман ба унвони сафири Эрон арз мекунам ки аз конолҳои дипломотик ин мавзӯъро пайгирӣ мекунем.»

Ҷаноби Шеърдӯст афзуд, муносибати Тоҷикистону Эрон ба ҳайси як кишварҳои ҳамфарҳангу ҳамзабон хислати стротегӣ дорад ва далели рӯшанаш ин аст, ки ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 200 ширкатҳои эронӣ кору фаъолият доранд. Ба таъкиди сафир. ин намоишгоҳ барои бозаргонҳои Эрон бозорҳои навро боз мекунад ва соҳибкорони тоҷик метавонанд бо истифода аз фурсат шарикҳои нави тиҷоратӣ пайдо кунанд.

Дар намоишгоҳи «Интерлегпром -2013» дар Душанбе дар баробари ширкатҳои ватанӣ 50 ширкати эронӣ ва ҳамчунин корхонаҳои Лаҳистону Чин иштирок доранд. Намоишгоҳ то рӯзи 8-уми июн идома хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG