Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаи телевизионии К+ фаъол шуд


Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, ки аз субҳи барвақт канали телевизиони К+ фаъол аст ва барномаҳои он пахш мешаванд. Шабакаи К+ тавассути моҳвораи Hotbird пахш мешуд ва аз зӯҳри 28-уми май аз эфир ғайб зад. Ба дунболи ғайб задани шабакаи К+, масъулони он дар як посухи катбӣ ба Озодӣ ки чаро барномаҳояш аз рӯзи 28 май пахш намешаванд, навиштанд, ки “дар ҳоли ҳозир, дар шабака ислоҳот ҷараён дорад ва дигар наметавонист ҳамчун шабакаи телевизионии хабарӣ дар чорчӯби кӯҳна дар моҳвора фаъолият кунад.” К+ ҳамчунин гуфта буд, "ба зудӣ баъди кӯчондани серверҳои худ пахши барномаҳояшро дар Интернет аз сар мегирад ва барномаҳояш дар моҳвора ҳам дар шакли HD пайдо хоҳанд шуд."

Як хабарнигори К+ дар Қазоқистон рӯзи 31 май ба Озодӣ гуфт, онҳоро ҳанӯз аз рӯзи 1 май ба рухсатии бемӯҳлат фиристодаанд ва ишора ҳам кардаанд, ки иллат дар камбуди пул аст ва бо рафъи мушкили молӣ дубора ба кор идома хоҳанд дод.

Аммо дар лаҳзаи нопадид шудани барномаҳои ин шабака дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳадсу гумонҳоҳои зиёд зада шуда буд. Бархе мегуфтанд ҳукумати Тоҷикистон ба хотири пахши туйи арӯсии фарзанди президенти Тоҷикистон бо шарҳи Додоҷон Атовулло, раҳбари созмони «Ватандор», фаъолияти шабакаи телевизиони қатъ карда шуда бошад. Вале муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Самад Ҳикматов ба радиои Озодӣ гуфт буд, ки Тоҷикистон имкони фании масдуд кардани шабакаи моҳвораии ТВ К+ -ро надорад.
XS
SM
MD
LG