Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо ба президентӣ дар бораи фарҳанг баҳс карданд


Ҳашт довталаби мақоми раисиҷумҳури Эрон бори дуюм дар баҳсҳо аз тариқи телевизиони давлатӣ ширкат мекунанд.

Рӯзи чаҳоршанбе, 5 июн, баҳс миёни онҳо дар мавзӯъи фарҳанг сурат гирифт. Ҳар яке аз номзадҳо тайи чаҳор дақиқа назари худро дар ин бора баён карданд.

Чанд тан аз довталабон, аз ҷумла, собиқ раҳбари ҳайати Эрон дар музокироти ҳастаӣ Ҳасани Рӯҳонӣ ва устоди донишгоҳ Муҳаммад Ризо Ориф гуфтанд, ки назорати ҳукумат дар умури адабиёту фарҳанг бояд коҳиш дода шавад. Рӯҳонӣ ҳамчунин аз маҳдудиятҳои, ба гуфтаи ӯ, сангин, ки дар даҳсолаи ахир барои донишҷӯён ҷорӣ шудааст, интиқод кард.

Раиси пешини Маҷлиси Эрон Ғулом Алӣ Ҳаддоди Одил гуфт, эрониҳо фақат дар ҳоле метавонанд бо таҳоҷуми фарҳангии Ғарб муқобила кунанд, ки фарҳанги худро омӯзанду амиқ дарк намоянд.

21 май Шӯрои нигаҳбон, ки раванди интихоботи раёсатҷумҳуриро назорат мекунад, аз тақрибан 700 довталаби мақоми раисиҷумҳурӣ ҳашт нафарро интихоб кард.

Раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи 14 июн баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG