Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳимӣ: Ҷонибҳои даргир омодаи гуфтугӯ нестанд


Ахзар Иброҳимӣ
Ахзар Иброҳимӣ
Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия рӯзи чаҳоршанбе изҳор намуд, ки баргузории конфаронси байнулмилалӣ оид ба ҳалли бӯҳрони Сурия то моҳи июл ғайримумкин аст.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳои даргир ҳанӯз барои пушти мизи музокирот нишастан омода нестанд. Дипломати воломақом афзуд, ки 25 июн мулоқоти иловагии дипломатҳои амрикоиву рус дар робита ба омодагиҳо ба конфаронс баргузор мешавад.

Ҳамин гуна мулоқот рӯзи чаҳоршанбе дар Женева доир гардид. Дар ин нишаст аз Русия муовини вазири умури хориҷӣ Геннадий Гатилов намояндагӣ кард. Ӯ гуфт, ки мушкилтарин масъала – муқаррар кардани ширкаткунандагони конфраонси оянда аст.

Конфаронси байнулмилалӣ оид ба ҳалли бӯҳрони Сурия бо ибтикори ИМА ва Русия баргузор мешавад. Дар ин бора вазирони умури хориҷии Амрико ва Русия дар охирин мулоқоташон дар Маскав ба мувофиқа расида буданд.
XS
SM
MD
LG