Пайвандҳои дастрасӣ

Навоз Шариф ба ифои вазифаи нахуствазир пардохт


Нахуствазири тозаинтихоби Покистон Навоз Шариф рӯзи чаҳоршанбе ба ифои вазифа шурӯъ кард. Ӯ бори сеюм раҳбарии ҳукумати Покистонро бар дӯш гирифтааст. Навоз Шарифи 63-сола баъд аз он дар ҳузури раисиҷумҳур Осеф Алӣ Зардорӣ савганд ёд кард, ки аз 342 вакили парлумон 244 нафарашон аз номзадии ӯ дар мақоми нахуствазир пуштибонӣ карданд.

Зимни суханронӣ дар парлумон нахуствазири нав гуфт, ки имрӯз ягона роҳи дурусти рушди Покистон – таҳкими демократия аст.

Навоз Шариф, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи 11 май чун раиси ҳизби “Лигаи мусалмонҳои Покистон” ширкат дошт, 13 сол пеш бар асари кудатои низомиён аз мақоми нахуствазирӣ барканор шуда буд.
XS
SM
MD
LG