Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни аудит нав шуд, вале "сирри аудиторӣ" чӣ маъно дорад?


Қонуни фаъолиятҳои аудиторӣ дар Тоҷикистон ба тағйиру иловаҳои зиёде рӯбарӯ гашт.

То дараҷае, ки вакилони парлумон мегӯянд, амалан як қонуни нав ба миён омада, метавонад пеши роҳи фасод ва хилофкориҳои молиро дар кишвар гирад ва ба фаъолиятҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар Тоҷикистон шаффофияти бештар диҳад. Аммо пайдо шудани истилоҳи «сирри аудиторӣ» имкон дорад, натиҷаҳои муҳим ва сарнавиштсози бозрасии молии ширкату корхонаҳоро аз ҷомеа пинҳон боқӣ гузорад ва амале мисли аудит ё тафтиши умумии молиро бемоҳият гардонад.


Қонуни нави аудит
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Линки мустақим


Дилшод Исматуллоев,вакили Маҷлиси намояндагон рӯзи 5-уми июн зимни муаррифии ин лоиҳа дар иҷлоси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфт, дар қонуни нав хидматрасониҳои аудиторон бештар шуда,ҳамзамон мустақилияти онҳо зимни таҳияи ҳисобот таъмин мегардад. Ин вакил аз ҷумла афзуд, «дар қонуни қаблӣ мафҳуми аудити дохилӣ вуҷуд надошт ва мо ҳамин мафҳумро илова кардем. Яъне минбаъд дар таркиби ин ё он корхона як идорае таъсис дода мешавад, ки фаъолияти дохилии корхона ва мутобиқ будани ҳисобдории муҳосибавии онро мутобиқ ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон назорат мекунад. Яъне ин назорат ҳолатҳои коррупсионӣ ва ба ҳисобгирии нодурусти молиявиро аз байн мебарад.»

Дилшод Исматуллоев мегӯяд, онҳое ки мехоҳанд ширкатҳои аудиторӣ боз кунад, бояд ҳатман соҳибтаҷриба буда, доғи судӣ надошта бошанд. Ҳамчунин ба гуфтаи ин вакил, дар Қонуни нав кодекси одоби касбии аудиторон низ ворид карда шудааст.

Вале Сафаралӣ Гулов, вакили парлумон ва яке аз дигар муаллифони лоиҳа ба «сирри аудиторӣ» , ки низ ба қонуни нав илова шудааст, ишора мекунад ва мегӯяд, «яъне маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ зимни санҷиш ба даст омадаанд, набояд ба шахси сеюм диҳанд. Ҳамчунин ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Тоҷикистон аудиторон бе розигии хатти субъекти санҷишшаванда фош кардани хулосаҳои аудиториро надоранд.»

Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳои тоҷик бар инанд, ки дар Тоҷикистон аудити пешакӣ, ки дар фазои озод гузаронида мешавад, мавҷуд нест, аз ин хотир раҳбарони корхонаҳо аз ширкатҳои назоратӣ меҳаросанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо, агар фаъолияти аудиторӣ дар ҷомеа дуруст ба роҳ монда шавад, дар он сурат тамоми масъулият ба дӯши ташкилоти аудиторӣ меафтад.

Табаралӣ Ғаниев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, «яъне ин камбудиҳо агар аз ҷониби аудиторон пешакӣ муайян шаванду камбудиҳо барқарор гарданд, пас як нуқсон дар фаъолияти иқтисодии кишвар дида намешавад. Масалан, бубинед, дар охири ҳар сол аз рӯи ҳисоботҳои вазорати молия мо мебинем, ки миллионҳо сомонии давлат ғайримақсад истифода шуда ё ба тороҷ мераванд. Аз ин нуқтаи назар ман қабули қонуни навро зарурӣ меҳисобам. Аммо ба ҳар сурат вақт нишон хоҳад дод, ки то куҷо ин қонун то куҷо амал хоҳад кард ва то куҷо боз иловаҳо мехоҳад. »


Вазорати молияи Тоҷикистон
Вазорати молияи Тоҷикистон
Зимнан тибқи иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, то соли 2011 дар қаламрави кишвар дар маҷмӯъ тақрибан сад ширкати аудитӣ ва аудиторҳои алоҳида фаъолият мебаранд. Дар ҳоле ки натиҷаҳои тафтиши молии Бонки Миллии Тоҷикистон аз тарафи ширкати аудитории “Эрнст энд Янг” дар авоили соли 2008 ва нодуруст ё ба манфиатҳои гуруҳӣ истифода шудани 850 миллион долларро фош намуд, гузориш аз аудити Талко зимни ҳолате шабеҳи “сирри аудиторӣ” дасткорӣ шуд ва то ҳанӯз натиҷаҳои комили он нашр нашудаанд.

Ба ақидаи коршиносон, агар дар татбиқи тарҳи нави қонун бештар ба ҳамин банди “сирри аудиторӣ” такя шавад, гумон аст, фаъолиятҳои аудиторӣ дар кишвар вазифаи худро ба таври комил ба иҷро расонанд ва ба манфиати давлату ҷомеа тамом шаванд.
XS
SM
MD
LG