Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон нав шуд


Бусурмонқул Табалдиев- раиси нави Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон

Бусурмонқул Табалдиев- раиси нави Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо ишора ба нооромиҳои ахири ин кишвар раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро барканор намуд.

Рӯзи чоршанбе дафтари матбуотии президенти Қирғизистон изҳор намуд, ки генерал майор Бусурмонқул Табалдиев раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъйин шудааст.

Ҳафтаи гузашта сарвазири Қирғизистон Ҷонторо Сотиболдиев раҳбари пештараи ин кумита Бейшенбой Ҷунусовро ба хотири нокомӣ дар ҷилавгирӣ аз эътирозҳои ахир шадидан танқид карда буд.

Бар асари бархӯрди эътирозгарон бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳафтаи гузашта дар кони тилои қумтори Қирғизистон камаш 55 кас ҷароҳат бардоштанд. Даҳҳо нафар боздошт шуданд.

Ба нишони дастгирии эътирозгарон садҳо нафар роҳи Ӯш Бишкекро, ки маркази Қирғизистонро бо ҷануби ин кишвар мепайвандад, давоми чор рӯз баста буданд.
XS
SM
MD
LG