Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сохтмони роҳи оҳан бо иштироки президентҳо


Нишасти раҳбарониТуркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ( Туркманистон 20-уми марти соли 2013)
Нишасти раҳбарониТуркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ( Туркманистон 20-уми марти соли 2013)
Президентҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар маросими ифтитоҳи сохтмони роҳи оҳани пайвасткунандаи се кишвар иштирок карданд.

Рӯзи чоршанбе Ҳомиди Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар маросими ботантанаи оғози кор дар канори шаҳри Атамуроди вилояти шимолу шарқии Лебап ( Лаби об)-и Туркманистон ширкат варзиданд.

Се раҳбар дар моҳи март меморандум ё худ ёддошти ҳамдигарфаҳмӣ дар мавриди сохтмони роҳи оҳанро имзо карда буданд.

Ибтидо роҳи оҳан шаҳрҳои Атамурод ва Имомназари Туркманистонро мепайвандад. Сипас он ба Акина-Андхуйи Афғонистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон тӯл хоҳад кашид.
XS
SM
MD
LG