Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф нахуствазири Покистон интихоб шуд


Навоз Шариф барои савумин бор нахуствазири Покистон интихоб шуд.

Ӯ ягона сиёсатмадори покистонӣ ҳаст, ки барои се давра нахуствазири ин кишвар интихоб мешавад.

Тибқи иттилои хабаргузориҳои покистонӣ, оқои Шариф дар раъйдиҳии рӯзи чаҳоршанбеи парлумони он кишвар аз ҷамъи 342 раъй таъйиди 244 тан аз вакилонро касб кард ва нахуствазири Покистон интихоб шуд.

Ҳизби Лигаи мусалмонони Навоз Шариф дар интихоботи парлумонии рӯзи 11-ум май дар Покистон аскарияти курсиҳои парлумонро ба даст оварда буд.

Навоз Шариф дар моҳи октябри соли 1999 ба дунболи кудатои низомӣ бо раҳбарии генерал Парвиз Мушарраф аз қудрат барканор шуд ва наздик ба даҳ сол дар табъид ба сар мебурд.

Ҳукумати зери раҳбарии Шариф бо фишори мустақим рӯ ба рӯ хоҳад шуд, зеро 180 миллион аҳолии ин кишвар мунтазири ҳалли мушкили камбуди доимии нерӯи барқ, рафъи вазъи ногувори иқтисодӣ ва ҳамлаҳои террористон аст.

Пешбинӣ мешавад, ки ҳукумати нави Покистон барои ҷилавгирӣ аз фурӯрезии иқтисод аз Сандуқи байналмилалии асъор қарз дархост намояд.
XS
SM
MD
LG