Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Туркия бо эътирозгарон вомехӯрад


 Булент Аринч
Булент Аринч
Дар ҳоле ки эътирозҳои саросарии Туркия шаш рӯз инҷониб идома доранд, муовини сарвазири ин кишвар Булент Аринч эълон намуд, ки бо эътирозгарон мулоқот хоҳад кард.

Рӯзи чоршанбе полис бо истифода аз об ва норинҷакҳои дудӣ эътирозгаронро, ки бо талаби истеъфои сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Истанбул ва Анкара ҷамъ шуда буданд, пароканда намуд.

Аринч гуфтааст, бо он эътирозгароне вомехӯрад, ки дар майдони Тақсим бар зидди тахриби парк ҷамъ шудаанд. Ӯ гуфтааст, бо он афроде, ки иғво меангезанд, ӯ мулоқот нахоҳад кард.

Тибқи гузоришҳои расида, полис дар шаҳри ғарбии Измир 25 нафарро бо иттиҳоми даъват ба нооромиҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт намудааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ Глен Кейтс аз майдони Тақсими Истанбул мегӯяд:

Эътирозгарон, ки аксаран ҷавон ҳастанд, ба ман гуфтанд, ки ҳукумат ба онҳо хиёнат намуда, манфиати онҳоро нодида мегирад. Онҳо мегӯянд, замоне қонеъ хоҳанд шуд, ки сарвазир Эрдуғон ҳуқуқи онҳоро эътироф намуда, аснои қабули тасмимҳояш бо онҳо машварат кунад.”

Дар эътирозҳои Туркия, ки рӯзи ҷумъа оғоз ёфтаанд, камаш ду нафар ба ҳалокат расидааст. Эътирозгарон мегӯянд, Эрдуғон ва ҳизби исломгарои зери раҳбарии ӯ саъй дорад ба тадриҷ дар ин давлати дунявӣ шариати исломиро ҷорӣ намояд.
XS
SM
MD
LG