Пайвандҳои дастрасӣ

Чор моҳи дигар барои арзёбии созиши истихроҷи тило


Ҷумарт Оторбоев-муовини сарвазири Қирғизистон

Ҷумарт Оторбоев-муовини сарвазири Қирғизистон

Парламенти Қирғизистон ба ҳукумати ин кишвар ба хотири таҳияи қарордоди нави ҳамкорӣ бо ширкати Сентерра Голди Канада чор моҳи дигар вақт дод.

Сентерра Голд дар кони тилои Қумтор бо истихроҷи филизоти гаронбаҳо машғул аст. Рӯзи сешанбе қонунгузорони қирғиз дархости муовини сарвазир Ҷумарт Оторбоевро, ки мегуфт барои омӯзиши паҳлӯҳои моливу ҳуқуқии қарордод вақти бештар зарур аст, пазируфт.

Моҳи феврал парламенти Қирғизистон ба ҳукумат дастур дода буд, то моҳи июн шароити нави ҳамкорӣ бо Сентерра Голдро муқаррар намояд.

Бар пояи қарордоде, ки дар соли 2009-ум имзо шудааст, Сентерра Голд андози камтар месупорад ва дар натиҷа давлат аз миллионҳо доллар маҳрум гашт.

Сентерра Голд, ки аз соли 1997 дар Қирғизистон фаъол аст, ахиран гуфта буд, ки ҳар музокироти нав бояд чорчӯби ӯҳдадориҳои мавҷударо мадди назар гирад.

Ҳафтаи гузашта ҳазорҳо нафар бо дархости миллӣ намудани кони тилои Қумтор гирдиҳамоӣ ташкил намуданд, ки бо задухӯрд бо полис ба анҷом расид.
XS
SM
MD
LG