Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи чаҳоршанбе барои иштирок дар маросими расмии оғози сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон - Тоҷикистон озими Туркманистон шуд. Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири нақлиёт Низом Ҳакимов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Маросими расмии оғози сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон имрӯз бо ҳузури руасои ҷумҳури се кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG