Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: Дар Сурия ба таври маҳдуд заҳрҳо истифода шудаанд


Нозирони СММ мегӯянд, ки дар низоъ дар Сурия силоҳи кимиёвӣ ба таври маҳдуд истифода шудааст. Аммо дар гузориши Комиссиюни тафтишоти Созмони Милал, ки рӯзи сешанбе дар Женева нашр шуд, омадааст, барои муқаррар кардани миқдори заҳрҳои кимиёвӣ ва аз сӯи кадом гурӯҳҳо истифода шудани он, далелҳои бештар заруранд.

Ба думболи ин, вазири умури хориҷии Фаронса Лорент Фабиус эълом дошт, ки Порис ба истифода шудани гази зарин дар бархе манотиқи Сурия мутмаин аст. Ӯ афзуд, мутахассисони фаронсавӣ намунаҳоеро аз хоки Сурия озмоиш ва дар онҳо гази заринро ошкор кардаанд.

Гузориши СММ давраи аз миёнаҳои моҳи январ то миёнаҳои моҳи майи соли равонро дарбар гирифтааст ва дар он ҳарду ҷониби даргир дар Сурия дар ҷиноятҳои сангин муттаҳам шудаанд. Дар гузориш аз ҷумла омадааст, ки “ҷиноёти низомӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият ба як воқеъияти ҳаррӯза дар Сурия табдил шудааст”.
XS
SM
MD
LG