Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА алайҳи 37 ширкати "дӯсти Эрон" таҳримҳо ҷорӣ мекунад


Вазорати молияи Амрико 37 ширкат аз панҷ кишварро барои он таҳрим ва ба “рӯйхати сиёҳ” шомил кард, ки онҳо гӯё аз манфиатҳои ҳукумати Эрон ҳимоят мекунанд.

Ин ширкатҳо аз Эрон, Олмон, Дубай, Хорватия ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ, ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, чун ширкатҳои хусусӣ сабти ном шудаанд ва ба Теҳрон барои фирор аз таҳримҳои байнулмилалӣ мусоидат кардаанд.

Тасмими Вошингтон ҳамкории ширкатҳо ва шаҳрвандони амрикоӣ бо ширкатҳои зери таҳрим қароргирифтаро манъ мекунад.

ИМА ва кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд, аммо Теҳрон ин иттиҳомро бепоя мехонад.
XS
SM
MD
LG