Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аринч тазоҳуроти аввалин дар Истамбулро қонунӣ хонд


Булент Аринч

Булент Аринч

Булент Аринч, муовини нахуствазири Туркия, аз мардум хост, ки ба эътирозҳои оммавӣ дар хиёбонҳо хотима гузоранд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот аз панҷ рӯзи бенизомиҳо ва бархӯрдҳо барои худ сабақ гирифтанд. Булент Аринч афзуд, ки мақомот наметавонанд тазоҳуроти мардумиро сарфи назар кунанд ва аммо шаҳрвандон низ бояд масъулиятро эҳсос намоянд.

Эътирозҳо дар Туркия рӯзи ҷумъа баъд аз он шурӯъ шуданд, ки полис ҳамоиши донишҷӯёни донишгоҳҳои Истамбул алайҳи буридани дарахтҳо дар боғи фароғатии Ғозӣ ва тасмими он ҷо бунёд кардани маркази бузурги тиҷоратиро пароканда намуд. Бенизомиҳо ба дигар шаҳрҳои кишвар, аз ҷумла, ба Анкара, ҳам печиданд, ҳазорон нафар хостори истеъфои нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон шуданд.

Бар асари бархӯрди полис бо эътирозгарон ду нафар ба ҳалокат расиданд. Булент Аринч аз пайвандони қурбониён расман маъзарат хост ва гуфт, ки нахустин намоиши эътирозӣ дар Истамбул қонунӣ буд. Аз ин пеш нахуствазир Эрдуғон эълом дошт, ки эътирозҳо дар Туркия аз сӯи гурӯҳҳои ифротгаро созмон дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG