Пайвандҳои дастрасӣ

26 300 тифли тоҷики маҳрум аз "кӯдакии тилоӣ"


Акс аз парасторгоҳи афтоли маълул дар Восеъ

Акс аз парасторгоҳи афтоли маълул дар Восеъ

Намояндаи ЮНИСЕФ мегӯяд, шумори кӯдакони маълул дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмист ва ҳуқуқи онҳо поймол мешавад.

Ин созмон аз Тоҷикистон даъват кард, ки Паймони ҳуқуқи афроди маълулро ба тасвиб расонад ва иҷрои ҳамаи нукоти Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро таъмин намояд.

Лайлӣ Муширӣ, роҳбари намояндагии Идораи кӯдакони СММ ё ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон рӯзи 4-уми май ҳини муаррифии гузориши «Вазъи кӯдакони ҷаҳон -- 2013» дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон танҳо яке аз ду кишвари собиқ Шӯравист, ки Конвенсияи ҳуқуқи афроди маълулро то ба ҳол тасвиб накардааст: «Дар танҳо ду кишвар боқӣ монданд, ки ин санадро тасвиб накардаанд. Беларус ва Тоҷикистон. Ман умедворам, Тоҷикистон ин конвенсияро тасвиб кунад ва аз қатори ин кишварҳо хориҷ шавад.»




Хонум Муширӣ афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 26 300 кӯдаки имконияти ҷисмонияшон маҳдуд аз давлат кумакҳои иҷтимоӣ мегиранд ва ҳудуди ду ҳазор кӯдак дар интернатҳо ба сар мебаранд. Аммо ба таъкиди хонум Муширӣ, шумораи кӯдакони маълул ва дорои имкониятҳои маҳдуд ба маротиб бештар аст ва аксаран маҳз ҳуқуқи он тифлоне поймол мешавад, ки аз ҳисоб берун мондаанд.

Қудратулло Қурбонов, роҳбари бахши ҳифзи иҷтимоии вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, ба хотири тасвиби Паймони ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон як комиссияи вижа таъсис ёфтааст, ки то охири соли равон хулосаашро ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард: «Мақсади ин комиссия таҳлили мутобиқати қонунгузории Тоҷикистон бо бандҳои ин конвенсия мебошад. Ҳамчунин ин комиссия хароҷотҳое ки будҷаи Тоҷикистон дар сурати тасвиби ин конвенсия бар дӯш мегирад, бояд ҳисоб кунад.»

Ҷаноби Қурбонов афзуд, аксарияти вазорату идораҳои Тоҷикистон ба ширкати кишвар дар ин конвенсия мухолиф нестанд ва инро як амри ногузир мешуморанд. Ҷаноби Қурбонов як ишорае низ кард, ки бархе аз кӯдакон дар Тоҷикистон бинобар табобати нодурусти табибон маълул шудаанд.


Ҳаммомхонаи мактаб-интернати кӯдакони маълул дар Ҳисор (Акс аз бойгонӣ)

Ҳаммомхонаи мактаб-интернати кӯдакони маълул дар Ҳисор (Акс аз бойгонӣ)

Аммо Маҳмадшариф Атоев, намоядани вазорати тандурустӣ билофосила ин иддаои Қурбоновро бепоя хонд ва талаб кард, барои исботи чунин ҳарф намунаҳои мушаххас биоранд. Эроди ҷаноби Атоев ба гуфтаҳои намояндаи вазорати шуғли аҳолӣ вокуниши тунди волидайни кӯдакони маълулро ба бор овард.

Моҳлиқо Шарифова, роҳбари Анҷумани волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуд гуфт, фарзанди вай маҳз ба иллати табобати нодурусти пизишкон маъюби якумрӣ шуд: «Соли 2003 ман кӯдакамро, ки танҳо гулӯдард шуда будааст, ба бемористон бурдам. Табибон бемории вайро нодуруст ташхис кардаанд. Дар натиҷаи табобати нодурусти эшон фарзандам ду соат дар ҳолати шок қарор гирифт ва пас аз ба ҳуш омадан дигар ягон аъзои баданашро ҷумбонда наметавонист. Аммо духтурон мегӯянд, ки гӯё вай модарзод фалаҷи кӯдакона доштааст.»

Латофат Сулаймонова, роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Дунёи кӯдакон» низ ба ҳамин мазмун шикоят кард, ки дар пайи як ҷарроҳии ба қавли табибон «номуваффақ» дар бемористони Қарияи боло набераи вай дигар бурро сухан гуфта наметавонад ва барои якумр овозаш бағоят паст шудааст.

Ба ин тартиб, баҳси масъулиятҳои ҳукумат дар баробари кӯдакони маъюб ва зарурати иҷрои Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ба ин самт кашонда шуд, вале боз ҳам суханони пурдарди падару модарон далели ин буд, ки ба мушкили мазкур расидагӣ намешавад.

Ба ҳар сурат, як чиз рӯшан шуд, ки шумораи кӯдакони маълул дар кишвар маълум нест. Барои намуна, Кумитаи омори Тоҷикистон дар ин маврид арқоми дигаре дорад. Ин омор мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 164 ҳазор афроди маъюб ё имконияти ҷисмонияшон маҳдуд зиндагӣ мекунанд, ки 30 ҳазори онҳо кӯдакону наврасонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG