Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари “Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон” 7 сол зиндонӣ шуд


Мурод Телибеков

Мурод Телибеков

Мурод Телибеков-раҳбари созмони ғайридавлатии “Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон” 7 сол маҳкум ба зиндон шуд. Раёсати пулиси шаҳри Алмаато эълон кард, ки Телибеков рӯзи сешанбе боздошт ва ҳамон рӯз барои нақзи қонун дар бораи ҳамоишҳо маҳкум шудааст.

Екатерина Чеканова-хонуми Телибеков пештар гуфта буд, ки шавҳари вай ва ҷонибдоронаш мехостанд баъд аз зуҳри рӯзи сешанбе дар назди бинои шаҳрдории Алмаато даст ба тазоҳурот зананд.

Онҳо ба нақша гирифта буданд, то аз шаҳрдор Аҳмадҷон Есимов бихоҳанд, ки бо онҳо мушкилоти иҷтимоии сокинони шаҳри Алмааторо баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG