Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Афғонистон


Лаҳзае аз бозии дӯстона миёни мунтахабҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Афғонистон дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа. Рӯзи 4-уми июни соли 2013.
Лаҳзае аз бозии дӯстона миёни мунтахабҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Афғонистон дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа. Рӯзи 4-уми июни соли 2013.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар тими миллии Афғонистон бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Ин бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Афғонистон рӯзи 4-уми июн дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд.

Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев дар дақиқаи 17-ум, Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 44-ум (аз ҷаримаи 11-метра) ва Соҳиб Сувонқулов дар дақиқаи 74-ум ба самар расонданд.

Ду голи мунтахаби Афғонистонро Ҳашматуллоҳ Борикзай дар дақиқаи 5-ум ва Ҳамидуллоҳ Каримӣ дар дақиқаи 41-ум вориди дарвозаи мизбонон карданд.

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Афғонистон чаҳор бор бо ҳам рақобат кардаанд ва дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик пирӯз шудаанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:
Рустам Ризоев, Далер Тухтасунов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Ҷамшед Исмоилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Комил Саидов, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев, Хуршед Маҳмудов.

Ҳайати раҳбарикунанда: Рустам Усмонов – менеҷер, Мубин Эргашев – иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ, Салоҳиддин Ғафуров – мураббии калон.

Ҳайати тими миллии Афғонистон:
Ҳамидуллоҳ Юсуфзай, Муқаддар Қозизода, Фарзод , Алӣ Аҳмад, Муҷтабо Файзӣ, Амриддин, Рафи Борикзай, Ваҳид Надимӣ, Маъруф, Ҳамидуллоҳ Каримӣ, Ҳашматуллоҳ Борикзай.

Мураббӣ - Алӣ Ҷавод Атоӣ, менеҷер - Муҳаммад Фарид Мавлоӣ.

Сардовари бозӣ: довари ФИФА Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
Ёварони сардовар: Баҳром Сайдуллоев (шаҳри Қӯрғонтеппа) ва Қурбонмаҳмад Каримов(ноҳияи Хуросон.)

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев, раиси кумитаи доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Комиссари бозӣ: Ислом Маҳмадшоев (Душанбе).

Натоиҷи бозиҳои дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон:

9-уми ноябри соли 2005 – Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Нӯъмонҷон Ҳакимов, 28, 31, Хуршед Маҳмудов, 45+1, Алиёр Ашӯрмамадов, 67).

3-юми августи соли 2008 – Ҷоми даъвати АФК-2008. Давраи ниҳоӣ. Ҳайдаробод, Ҳиндустон. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Юсуф Рабиев, 14, 44, 56, Даврон Тухтасунов, 39).

17-уми ноябри соли 2010 – Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 (Фаррух Чориев, 33).

Дар рейтинги ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 112-ум, тими миллии Афғонистон дар ҷойи 140--ум қарор доранд.

ЛАҲЗА БА ЛАҲЗАИ БОЗӢ

Пеш аз оғози бозии дӯстона сурудҳои миллии ҳарду кишвар – Афғонистон ва Тоҷикистон садо дод.

Раиси вилояти Хатлон Ғайбуллоҳ Афзалов дар ибтидо сухани табрикӣ намуд ва ба дастаҳо муваффқият орзу кард. Инчунин ба футболбозон ва мураббиёни ҳар ду даcта тӯҳфаҳо пешкаш шуданд.

Бозӣ бо ҳуҷумҳои пайдарпайи мизбонон оғоз шуд.

Дар дақиқаи 5-уми бозӣ ҳуҷуми ҷавобии меҳмонон ба гол анҷомид. Тӯбро Ҳашматуллоҳ Борикзай, ҳамлагари дастаи Афғонистон, вориди дарвозаи мизбонон кард.

Дар варзишгоҳи "Пахтакор" тахминан 8 ҳазор тамошогар ҳузур доранд. Ҳаво 35 дараҷа гарм аст. Ба ин нигоҳ накарда бозӣ бо суръати баланд ҷараён дорад. Футболбозони тоҷик кӯшиш мекунанд, ки ҳисобро баробар намоянд. Ҳоло Ҷамшед Исмолов зарба зад ва тӯб аз майдон берун рафт.

Дар дақиқаи 17 бозигари рақами 18-и мунтахаби Тоҷикистон Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев бо зарбаи сахту нишонрас аз ҷаримагоҳи меҳмонон ҳисобро баробар намуд.

Ҳисоб - 1:1

Мухлисони зиёд дастаи Тоҷикистонро хуб дастгирӣ мекунанд ва бархе аз онҳо бо карнай, сурнай ва таблу доира ба варзишгоҳ омадаанд. Ҳамчунин дар дасти баъзе аз онҳо Парчами миллии Тоҷикистон ҷилва мекунад. Дастаи Афғонистон бо пероҳани сурх ва дастаи Тоҷикистон бо пероҳани сафед бозӣ доранд.

Аз оғози нимаи аввали бозӣ 24 дақиқа гузашт, ҳисоб тағйир наёфтааст ва теъдоди мухлисон дар варзишгоҳ зиёд мегардад.

Дастаи мунтахаби Афғонистон ҳоло бештар ҳуҷум мекунад, вале дар лаҳзаҳои охирин зарбаҳои онҳо ба нишон намерасад. Ба шореҳи варзиши радиои Озодӣ сармураббии тими миллии Афғонистон Юсуфи Коргар гуфт, тими имрӯзае, ки ба майдон омадааст, аслан аз ҳисоби футболбозони ҷавон иборат аст, ки онҳо аз шаҳри Кобул ва вилоятҳои Афғонистон мебошанд. Вале ягон легионер, ки дар кишварҳои дигари ҷаҳон бозӣ мекунанд, дар ин дидор ширкат надоранд.

Ва ҳоло ҳуҷуми дастаи Тоҷикистон, аз назди пойи Дилшод Восиев меҳмонон тӯбро гирифтанд. Акнун бозӣ дар нимаи майдони меҳмонон ҷараён дорад. Футболбозони тоҷик ва мухлисонашон ташнаи голанд.

Ҳисоб ҳамоно - 1:1

Суръати бозӣ каме суст шуд ин ё ба гармии ҳаво бастагӣ дорад ва ё футболбозон қувваи худро барои нимаи дувум нигаҳ медоранд. Ва ҳоло тамоми нишастгоҳҳои варзишгоҳ аз мухлистон пур шуд. Ва агар бигӯем, ки наздики 10 ҳазор мухлис ин бозиро дар варзишоҳ тамошо доранд, хато намекунем.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз футболбозони бошгоҳҳои лигаи олии кишвар ташкил ёфтааст. Ва дастаро дар муддати хеле кӯтоҳ мураббиёни пуртаҷриба Мубин Эргашев ва Салоҳиддин Ғафуров ба бозии имрӯза омода кардаанд. Дар ҳақиқат ҳаво имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа хеле гарму тафсон аст.

Дар дақиқаи 41-уми бозӣ ҳамлагари дастаи мунтахаби Афғонистон рақами 9 Ҳамидуллоҳ Каримӣ тӯбро вориди дарвозаи Тоҷикистон кард.

Ҳисоб - 1:2

Дар дақиқаи 43-юми бозӣ меҳмонон қоидаи бозиро вайрон карданд. Ва сардовар ба сӯи дарвозаи Афғонистон ҷаримаи ёздаҳметра таъин кард. Капитани дастаи Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов тӯбро вориди дарвозаи Афғонистон кард.

Ҳисоб баробар шуд 2:2

Нимаи аввали бозии дӯстона миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон бо ҳисоби 2:2 ба поён расид ва дастаҳо ба танаффус баромаданд.

Дақиқаи 3-юми нимаи дувуми бозӣ ҷараён дорад. Ҳоло як зарбаи бозигари дастаи Тоҷикистон Аҳтам Назаров аз масофаи тақрибан 20 метр ва тӯб ба тири дарвозаи меҳмонон бархӯрд.

Дар нимаи дувуми бозӣ дар ҳайати дастаи Тоҷикистон ду нафар бозигар иваз шуданд. Ба ҷои Ҷамшед Исмоилов ба майдон Абдусамад Ҳоҷибоев ва ба ҷои Далер Тухтасунов Сиёвуш Асроров омаданд.

Лаҳзае аз бозӣ.
Лаҳзае аз бозӣ.
Дақиқаҳои аввали нимаи дувуми бозӣ бо ҳуҷумҳои пайиҳами мизбонон ҷараён дорад.

Дар дақиқаи 55-уми бозӣ тӯби аз масофаи наздик задаи ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Комил Саидов каме дуртар аз сутуни дарвозаи дастаи Афғонистон гузашт.

Ва ҳоло бештар футболозони тоҷик ҳуҷум мекунанд, вале тағйири ҳисоби бозӣ ба онҳо муяссар нашудааст. Футболбозони Афғонистон бо нерӯи зиёд ба хатти дифоъ ҷамъ омадаанд ва онҳо намегузоранд, ки мизбонон муваффақ шаванд.
Бозигарони афғон аслан ҳуҷумҳои ҷавобӣ мекунанд ва бозии онҳо писанди мухлисон аст.

Дақиқаи 57-и бозӣ ҷараён дорад.

Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон боз як бозигар иваз мешавад. Ба ҷойи рақами 22 Комил Саидов ба майдон рақами 23 Аҳтам Ҳамроқулов омад.

Дақиқаи 66-уми бозӣ ҳисоб 2:2. Ҳар ду даста бо суръати баланд бозӣ доранд ва зуд-зуд ба нимаи майдони ҳамдигар мегузаранд. Вале рахна кардани хатти дифоъ ба футболбозон мушкил аст. Натиҷаи ин бозӣ ҳарчанд, ки дӯстона аст, ба мавқеи дастаҳо дар рейтинги ФИФА таъсир хоҳад гузашт ва аз ин рӯ онҳо барои пирӯзӣ талош доранд. Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон айни ҳол дар рейтинги ФИФА дар ҷои 112-ум ва мунтахаби Афғонистон дар ҷои 140-ум қарор доранд.

Як зарбаи хуби Аҳтам Ҳамроқулов аз масофаи наздик, тахминан 5-метр. Дарвозабони мунтахаби Афғонистон Ҳамидуллоҳ Юсуфзай маҳорати баланд нишон дод ва тӯбро баргардонд.

Дақиқаи 70-уми бозӣ ҷараён дорад, ҳисоб ҳамоно - 2:2.

Дар дақиқаи 73-юм Соҳиб Сувонқулов, ҳимоятгари дастаи Тоҷикистон аз ҷаримагоҳи меҳмонон тӯбро ба тӯри дарвозаи Афғонистон зад ва дастаашро пеш баровард.

Ҳисоб - 3:2.

Дар ҳайати дастаи Тоҷиистон бозигари чаҳорум иваз шуд. Ба ҷойи Аҳтам Назаров ба майдон Давронҷон Тухтасунов омад.

Дар ҳайати дастаи Афғонистон аввалин бозигар иваз шуд. Ҳамидуллоҳ Каримиро Мунирулҳаққ иваз намуд. Дар вохӯрии имрӯза то ҳол танҳо як нафар -- Ваҳид Надимӣ, бозигари Афғонистон, корти зард гирифтааст.

Ҳоло боз як зарбаи футболбози тоҷикро дарвозабони Афғонистон Ҳамидуллоҳ Юсуфзай баргардонд.

Лаҳзае аз бозӣ.
Лаҳзае аз бозӣ.
Футболбозони тоҷик бештар ҳуҷум мекунанд. Ҳоло сардовар ба бозигари рақами 3- мунтахаби Тоҷикистон Соҳиб Сувонқулов, ки рақибаш Маъруфро зада афтонд, бо нишон додани корти сурх аз майдон берун кард. Даҳ нафар футболбози тоҷик муқобили 11 бозигари Афғонистон бозӣ мекунанд.

Дақиқаи 85-уми бозӣ, ҳисоб - 3:2 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон.

То анҷоми бозӣ ҳамагӣ 3 дақиқа мондааст. Ҳисоб - 3:2 ба фоидаи дастаи Тоҷикистон.

Дар ҳайати ҳар ду даста бозигарон иваз шуданд. Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон ба ҷойи Фатҳулло Фатҳуллоев Ҳасан Рустамов ва ба ҷойи Дилшод Восиев Ҷаҳонгир Эргашев ба майдон омаданд. Дар дастаи Афғонистон Амриддинро Мустафо иваз кард.

Замони асосии бозӣ поён ёфт ва ҳоло се дақиқаи замони иловагӣ ҷараён дорад.

Садои ҳуштаки сардовар Хуршед Дадабоев аз анҷоми бозии тимҳои миллии Тоҷикистон ва Афғонистон дарак дод. Бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Дар ҳамин ҷо пахши зиндаи Радиои Озодӣ аз варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба анҷом мерасад. Шоду пирӯз бошед!
XS
SM
MD
LG