Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёт алайҳи Толибон дар наздикии марз бо Тоҷикистон


Мақомоти афғон мегӯянд, алайҳи гуруҳи Толибон ва шарикони онҳо амалиёти густурдаеро дар вилояти Қундузи ҳамсарҳад бо Тоҷикистон, роҳандозӣ кардаанд. Абдулхалили Андаробӣ, сардори пулиси вилояти Қундуз рӯзи 4-уми июн дар суҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ки дар ин вилоят амалиёти густарда алайҳи гуруҳи Толибон ва ҳампаймонҳояш Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ал-Қойида идома дорад. Вай афзуд, ки дар амалиёти рӯзи гузашта нерӯҳои давлатӣ 22 нафар аз афроди Толибонро кушта шудаанд, ки 5 нафари онҳо хориҷиҳо будаанд: «Аз ин хориҷиҳо ду нафарашон шиносоӣ шудаанд, яке аз онҳо покистонӣ буда, дигарӣ чечен аст». Ба тахмини Абдулхалили Андаробӣ, се нафари дигар аз онҳо тоҷик ва узбактабор ҳастанд. Амалиёти мазкур дар мавзеъи «Дашти Арчи»-и вилояти Қундуз сурат гирифтааст. Ҷаноби Андаробӣ афзуд, ҳоло ба хотири амният дар марз ба Тоҷикистон, неруҳои марзбонӣ дар хутути марзи муштараки ду кишвар тақвият шудаанд. Сардори пулиси Қундуз мегӯяд, ки амалиёти муштараки неруҳои давлатӣ бо неруҳои Эътилофи зиддитеррори дар Афғонистон алайҳи Толибон идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG