Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллӣ ба "сомонӣ" гузаштани ширкатҳои мобилиро шарҳ дод


Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як баёния, ба нодуруст инъикос ёфтани ҷараёни ба пули сомонӣ гузаштани ширкатҳои мобилӣ вокуниш нишон дод.
Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ рӯзи 4 июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз аз таърихи эълони ба пули миллӣ гузаштани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон чаҳор рӯз мегузарад, вале дар бархе расонаҳо ин иқдом аз тарафи ширкатҳо ва ё худи расонаҳои нодуруст шарҳ дода шуда, норозигии сокинон яъне муштариёнро ба вуҷуд овардааст. Дар баёнияи Бонки миллӣ аз ҷумла омадааст, ки «дар баъзе расонаҳои ишора шудааст, ки гуё ширкатҳои мобилӣ аз пеши худ нархномаҳои худро ба пули миллӣ гузаронидаанд, вале ин нодуруст аст.»

Абдуғаффор Қурбонов афзуд, ки тибқи фармони раисиҷумҳур “Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии “сомонӣ” аз 26 октябри соли 2000, муқаррар шудааст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ тамоми нархномаҳо, тарифҳо ва воҳидҳо бояд танҳо бо сомонӣ ифода ёфта, бо асъори хориҷӣ ё бо воҳидҳои шартӣ ифода ёфтани онҳо, манъ аст, аммо мутаассифона ширкатҳои мобилӣ муддатҳои тӯлонӣ ин талаботи қонунро нодида гирифта, фаъолияти худро дар асоси бо асъори хориҷӣ ва ё воҳидҳои шартӣ нархгузорӣ намудани арзиши хизматрасониашон идома медоданд"

«Аммо дар ниҳояти амр Бонки миллии Тоҷикистон ширкатҳои мобилиро барои бо пули миллӣ муқаррар кардани нархи хизматрасониашон водор намуд ва бо пули миллӣ ифода ёфтани тарифҳо ва инъикоси бақияи маблағҳо дар суратҳисобҳои муштариёну тавозуни ширкатҳо танҳо ва танҳо ба фоидаи тарафҳо хоҳад буд»

Бонки миллӣ дар баёнияи худ таъкид кардааст, ки оғози бо пули миллӣ муқаррар намудани тарифҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилиро истиқбол ва дастгирӣ намуда, аз тамоми воҳидҳои хоҷагидорӣ, масъулони мақомоту идораҳо ва шаҳрвандон даъват менамояд, ки ҳангоми истифодаи асъори хориҷӣ талаботи қонунгузориро риоя бикунанд ва эҳтироми пули миллиро, ки яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба шумор меравад, дар мадди аввал гузоранд.
XS
SM
MD
LG