Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиллапарварӣ - шуғле фақат ба хотири ҳезум?


Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2012 барномаи рушди пилапарвариро рӯи даст гирифтааст, вале то расидан ба натиҷаи дилхоҳ роҳи тӯлоние дар пеш аст.

Тибқи ин барнома, бояд то соли 2020 истеҳсоли пилла то ба 3,5 ҳазор тонна расида, тамоми ин ашёи хом дар дохили кишвар коркард шавад. Дар сурати иҷрои ин барнома имкон дорад, дар Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор ҷои нави кор фароҳам ояд.

Абдураҳмон Бобокалонов, сокини деҳаи Лучоби ноҳияи Варзоб, ки барг мезад, мегӯяд, 32 соли паёпай дар давраи Шӯравӣ барои парвариши пилла аз саҳро барги тут ҷамъоварӣ мекунад. Аммо сар аз солҳои 90-ум пиллапарварӣ мисле, ки аз байн рафт ва ҳамакнун се соли охир вай дубора ба ин пеша рӯй овардааст: «Дар даврони Шӯравӣ совхози мо аз 30 то 40 қуттӣ кирмак парвариш мекард. Дарахти тут бисёр буд. Аммо ҳоло барги тут барои чор-панҷ қуттӣ ҳам кифоя нест, чунки тутзорҳо ҳамагӣ несту нобуд шудаанд.»

Ҳарчанд гуфта мешавад, пиллапарварӣ дар он солҳо даромади хуб медод , ҳоло одамоне мисли Абдураҳмонов ба хотири ҳезуми шохҳои тут машғули ин кор мешаванд: «Порсол барои як килограмм пилла ҳамагӣ 5 сомонӣ медоданд. Аммо имсол намедонам нархаш чанд аст. Мушкилоти мо дар он аст, ки барои сохтани чайловҳои кирмак тахта намеёбем ва ҳамчунин барои кашонидани барги тут мо мошинҳои худамонро истифода мекунем. Дар даврони Шӯравӣ барои мо мошинҳои боркаш ҷудо мешуд ва аз чор тараф барги тут меоварданд.»


Ба гуфтаи Бобокалонов, ҳоло мақомот нақшаи ҳосилро аз ҳар қуттӣ кирмак аз 64 килои қаблӣ то 50 кило поён овардаанд, то пиллапарварон ҳавасманд шаванд. Дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон солона беш аз 5 ҳазор тонна пилла тавлид мекард. Барои муваффақият дар иҷрои нақшаи пилласупорӣ раисону котибон ба мансабҳои баландтар роҳхат мегирифтанд. Ҳоло ин рақам ба 2 ҳазор тонна ҳам намерасад.


Дурнамои пиллапарварӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00
Линки мустақим


Иброҳим Усмонов, сардори шӯъбаи тухмтайёркунӣ ва тухмпарварии КВД «Пилла»-и вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, баъди солҳои тӯлонии рукуд дар парвариши пилла, тайи се соли охир истеҳсоли он дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад: «Порсол дар Тоҷикистон беш аз 1200 тонна пилла истеҳсол шуда буд. Имсол тибқи нақашаи мо дар кишвар бояд 1953 тонна истеҳсол шавад. То ҳол алакай 1401 тонна пилла истеҳсол шудааст.»

Пиллапарварӣ дар Тоҷикистон: Шуғле фақат ба хотири ҳезум?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Аз соли 2006 бо қарори махсуси ҳукумати Тоҷикистон мудирияти ин арса ба ихтиёри вазорати энергетика ва саноат вогузор шуд. Ҳоло ин вазорат як корхонаи воҳиди давлатиеро бо номи «Пилла» дар ихтиёр дорад, ки ин ниҳод дар навбати худ фаъолияти ширкатҳои сармоягузори соҳа, ба монанди ҶММ «Дӯстии Афғонистон», ҶММ «Дук», КМ «ВТ -Силк» - шаҳри Хуҷанд, ҶММ «Дӯсти НР», ҶММ «Атласи Хуҷанд», КВД «Пилла» ва КФТК «Заводи тухми кирмаки шаҳри Душанбе»-ро назорат мекунад.


Аммо як мушкили дигар дар он аст, ки дар давраи шӯравӣ ҳамаи пиллаи тавлиди Тоҷикистон дар худи кишвар коркард мешуд ва даромади хуб меовард. Акнун аксари корхонаҳои абрешим аз кор афтодаанд ва бахши умдаи пилла, зиёда аз 70 дарсади он, ба ҳайси маводи хом ба хориҷа содир шуда, нархи он ба шебуфарози бозори ҷаҳонӣ бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG