Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Русия роҳ надоданд


Се шаҳрванди Тоҷикистон по ба хоки Русия нагзошта баргардонида шуданд. Абдулло Қодирӣ-сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки се шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Қазон аз тарафи кормандони марзбонии Русия иҷозаи вуруд ба ин кишварро надодаанд ва онҳоро дубора бо ҳавопаймои парвози Қазон-Душанбе баргардонидаанд.

Онҳо Далер Назаров-сокини ноҳияи Ҳисор, Икром Бобоназаров-сокини ноҳияи Шаҳринав ва Акобир Кабутов-сокини ноҳияи «Дӯстӣ» будаанд.

Хадамоти Муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар санадҳои онҳо барои сафар ба Русия ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад ва то ҳол рушан нест, ки сабаби ба ақиб баргардонидани ин мусофирон чӣ будааст.

Онҳо дар чустуҷӯи кор ба Русия рафтаанд.
XS
SM
MD
LG