Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи панҷуми эътирозҳои зиддидавлатӣ дар Туркия


Саркӯбии тазоҳурот дар Анкара

Саркӯбии тазоҳурот дар Анкара

Рӯзи панҷум аст, ки эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Туркия идома дорад ва пулис барои пароканда намудани эътирозгарон аз гази ашковар истифода кардааст.

Нахуствазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз мавқеъи қиблии худро дар баробари эътирозгарон, ки истеъфои ӯро талаб кардаанд, даст накашидааст ва дар бурузи ноамниҳо ҳамчунон ифротгароёну нирӯҳои мухолифинро муттаҳам мекунад. Эрдуғон, ки Туркияро барои сафар ба Марокаш тарк мекард, дар остонаи ин сафар бо итминон пешгӯӣ карда, ки вазъ базудӣ ором хоҳад шуд.



Эътирозҳо, ки рӯзи ҷумъа алайҳи барномаи тахриби як парк дар Истамбул шурӯъ шуд, баъдан ба даъватҳои сиёсӣ ва талаби истеъфои нахусвазир мунҷар шуд. Ба бовари Эрдуғон, тазоҳуроти ахир ҳеҷ рабте ба ҳифзи дархтҳо надорад ва як бахши тавтеъаест, ки рақибони ӯву давлаташ тарҳрезӣ кардаанд. Ӯ гуфт, “онҳое, ки интихоботро бой додаанд, акнун аз роҳҳои дигар истифода мекунанд”. Эрдуғон баргузории эътирозҳодар шаҳрҳои дигари Туркияро рад кард ва гуфт, вазъ то бозгашти ӯ аз сафар ором хоҳад шуд.

Амрико, шарики Туркия дар паймони НАТО бори дигар аз мақомоти Туркия даъват кард, ки дар бархӯрд бо тазоҳургарон, ки садҳо корманди пулис ва эътирозгарро маҷрӯҳ кардааст, аз хештандорӣ кор бигиранд. Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки истифодаи нирӯи аз ҳад беши пулис алайҳи эътирозгарон Ийолоти Муттаҳидаро нигарон кардааст. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ин ҳодисаҳо бозҷӯӣ шаванд. Ҷон Ккеррӣ ҳарду тарафро ба ҷилавгирӣ аз ҳамагуна тавтеъа ва хушунат даъват кард.

Эътирозҳои чаҳор рӯзи ахир вокуниши сареъи бозори бурси Туркияро ба бор овард. Уфти бурси саҳҳом ба 10,5 дарсад сармоягузоронро аз таъсири манфии эътирозҳо нигарон кардааст.


Р.Эурдуғон

Р.Эурдуғон

Эътирозгарон нахуствазир Эрдуғон ва ҳизби исломиасоси ӯро, ки қудрати Туркияро дар соли 2002 ум ба даст оварда буд, ба худкомагӣ муттаҳам мекунанд. Баъзе мунтақидони Эрдуғон мегӯянд, ки ӯ дидгоҳи муҳофизакорона ва мазҳабии худро бар сари туркҳои дунявигаро бор мекунад. Барои намуна, чанде пеш ҳукумати Эрдуғон аз қонуни маҳдуд кардани фурӯши алкоҳол пуштибонӣ кард. Эрдуғон ҳамчунин барои пуштибонӣ аз шӯришгарони суннӣ дар ҷангҳои Сурия танқид мешавад. Баъзе туркҳо аз он нигаронанд, ки мабодо кишвари онҳо даргири ҷанги Сурия шавад.

Ҳизби Эрдуғон дар се интихобот пирӯз шуда, қудрати низомиёнро, ки то нишастани ӯ дар чавкии раёсат хеле нирӯманд буданд, маҳдуд кард, ба рушди иқтисодӣ роҳ кушод ва нуфузи минтақавии Туркияро барқарор кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG