Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Екатеринбург раҳбарони Аврупо бо Русия мулоқот мекунанд


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо гуфт, музокироти Маскав ва ин иттиҳодия замоне комёб хоҳад шуд, ки агар ҳар ду ҷониб манофеи якдигарро дар назар бигиранд.

Путин ин суханонро рӯзи сешанбе дар шаҳри Екатеринбург дар оғози мулоқот бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо баён дошт. Вай гуфт, ҳарду ҷониб мехоҳанд, ки ҷанбаҳои ҳуқуқии ин ҳамкориҳо ҳар чӣ зудтар дар чаҳорчӯбаи қарордоде танзим шавад.

Дар мулоқоти Екатеринбурги Русия Ҳерман ван Ромпу-раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо, Хоссе Мануел Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо ва Кетрин Эштон-масъули сисёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ширкат доранд.

Дар ин музокирот масъалаҳои иқтисоди ҷаҳон, энержӣ, масъалаҳои раводид ва вазъ дар Сурия баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG