Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$23 миллион ҷоиза барои маълумот дар бораи террористҳо


Амрико пешниҳод кардааст, ки барои маълумоти дақиқ дар бораи маҳали буду боши раҳбарони созмонҳои террористии исломӣ дар Африқои Ғарбӣ 23 миллион доллар ҷоиза медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфтааст, бори аввал аст, ки Вашингтон барои маълумот роҷеъ ба раҳбарони гурӯҳҳои террористӣ дар ин минтақа ҷоиза эълон мекунад.

Ҷоизаи алоҳида ба маблағи 7 миллион доллар барои маълумот роҷеъ ба Абубакр Шикавӣ-раҳбари гурӯҳи Боко Ҳарам эълон шудааст. Гурӯҳи вай дар Нигерия ҷой гирифтааст ва барои ҳамлаҳои маровар муттаҳам дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG