Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Прага хатари обхезӣ ҳанӯз бартараф нашудааст


Рӯдхонаи Влтава дар Прага

Рӯдхонаи Влтава дар Прага


Гурӯҳҳои махсуси кормандон дар Прага корро идома медиҳанд, то ин шаҳрро аз зарари бештари обхезӣ ҳифз кунанд. Интизор мерававд, ки рӯзи сешанбе сатҳи об дар рӯдхонаи Влтава, ки аз миёни шаҳр мегузарад, болотар равад.

Гурӯҳҳои ихтиёриён ва кормандон бо халтаҳои қум дар баъзе ҷойҳои соҳил деворҳои маснуӣ мебардоранд, то аз маҷрои об ба дохили шаҳр пешгирӣ кунанд ва ба қисматҳои таърихии шаҳр осеб нарасад.

Бино ба маълумоти мавҷуда, дар давоми рӯзҳои ахир дар ҷумҳурии Чех 6 нафар дар ин офат ба ҳалокат расидаанд, ҳазорон нафар аз маҳали иқомати худ ба ҷойҳои дигар кӯч дода шудаанд.

Дар Прага ба ҳаракати нақлиёт халал ворид шудааст, дар мактабҳо таътил эълон кардаанд. Аз боғи ҳайвонот садҳо ҳайвонотро ба ҷои дигар бурдаанд.

Ҳукумати Чехия вазъи фавқулодда эълон кардааст ва барои бартараф сохтани оқибатҳои офат маблағи махсус ҷудо кардааст. Аз соли 2002 ба ин тараф ин шадидтарин обхезӣ дар Чехия аст. Обхезӣ дар қисматҳое аз Олмону Австрия ва Шветсария низ осеб расондааст.
XS
SM
MD
LG