Пайвандҳои дастрасӣ

Гурбаи қочоқчӣ дастгир шуд


Мақомоти яке аз зиндонҳои ҷумҳурии Комии Русия мегӯянд, як гурба ҳангоми қочоқи ду телефони мобил ба маҳбусон дастгир шудааст.

Мақомоти зиндон меафзоянд, ки гурбаро 31-уми май бо бастаи телефонҳо дар танаш боздошт намуданд.

Ба қавли онҳо ин аввалин ҳодисаи боздошти гурбаи қочоқчӣ дар таърихи ин маҳбас будааст. Мақомоти маҳбас мегӯянд, соли гузашта аз дохили тимсол ё худ иконаҳои насронӣ телефонҳои мобилии қочоқӣ мусодира карда буданд.
XS
SM
MD
LG