Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА тарафҳои туркро ба фурӯтанӣ даъват кард


 Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ аз таъқиби эътирозгарон дар Туркия нигарон буда, аз мақомоти Туркия даъват кардааст, ки аз фурӯтанӣ кор гиранд.

Рӯзи душанбе дар Вашингтон Керрӣ гуфт, ИМА аз истифодаи аз ҳад зиёди нерӯи полис дар муқобили эътирозгарон ва шумораи бузурги захмиён дар Туркия нигарон аст. Керрӣ таҳқиқи хушунатро дархост намуда, аз ҷонибҳо даъват кардааст, ки ба хушунату иғво роҳ надиҳанд.
Ӯ меафзояд:

Мо дар бораи чизҳое, ки дахолат ба интихоб ва ё ҳаводиси он кишвар ба шумор меравад, ҳарф намезанем, вале тасдиқ мекунем, ки ба ақидаи мо татбиқи демократия бояд иҷрои усул ва арзишҳои умумиро дар бар гирад ва он ба беҳбуди равобити ҳукуматҳо ва беҳбуди равобити ҳукуматҳо бо мардум кумак мерасонад. “

Нооромиҳои ахири Туркия 31-уми май оғоз ёфтаанд. Полис эътирози осоиштаи мардум бар зидди сохтмони фурӯшгоҳ дар ҷои як парки канори майдони Тақсими Истанбулро бо истифода аз нерӯ пароканда кард.

Дар ҷавоб эътирозҳо дар саросари Туркия тавсеа ёфта, эътирозгарон истеъфои сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғонро дар миён гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG