Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куштори вакили мардумӣ дар Покистон


Дар шимолу ғарби Покистон силоҳбадастони номаълум як вакили мардумии ба тозагӣ интихобшударо ба қатл расонданд.

Полиси Покистон мегӯяд, рӯзи душанбе дар минтақаи Ҳангуи вилояти Хайбар Пахтунхво вакили мардуми Фарид Хон кушта шуд.

Фарид Хон ҳамчун номзади мустақил интихоб шуд, вале баъди интихобот ба ҳизби Таҳрики инсофи крикетбози собиқ Имрон Хон пайваст. Ҳизби Имрон Хон раҳбарии эътилофи ҳокими вилояти Хайбар Пахтунхворо бар дӯш дорад.

Ин гурӯҳи сиёсӣ тарафдори музокирот бо Толибон буда, ваъда додааст, ки агар сари қудрат ояд ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ИМА-ро қатъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG