Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифи Мурсӣ 6 моҳ зиндонӣ мешавад


Расонаҳои хабарии Миср навиштаанд, ки Аҳмад Дума-фаъоли маъруфи гурӯҳи мухолифи ҳукумат бо ҷурми таҳқири президенти исломгарои Миср Муҳаммад Мурсӣ ба муддати шаш моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.

Ҳамчунон ӯ бояд 500 лираи мисрӣ ё худ 30 доллари ИМА ҷуброни молӣ супорад. Дума 30-уми апрел баъди изҳороташ дар бораи президент Мурсӣ боздошт шудааст.

Дар моҳи феврал вақте полиси Миср нооромиҳои шаҳри Порт Саидро бо истифода аз зӯр хомӯш намуда, камаш 40 нафарро ба ҳалокат расонд, Дума Мурсиро ҷинояткор номид.

Дума аввалин мухолифи президент Мурсӣ аст, ки аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯ ҳақ дорад, ки бознигарии ҳукмро талаб кунад.

Ҳангоми муҳокима пайравони Дума бо шиорҳои зидди президенти Миср дар назди бинои додгоҳ ҷамъ шуданд. Онҳо мегӯянд, ки Мурсӣ мухолифинро мавриди таъқиб қарор додааст.
XS
SM
MD
LG