Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоӣ ба тарафдорӣ аз ҳашиш дар Гурҷистон


Рӯзи душанбе дар пойтахти Гурҷистон садҳо эътирозгар бо талаби тақдими иҷозат ба истеъмоли ҳашиш раҳпаймоӣ намуданд.

Раҳпаймоӣ то бинои кӯҳнаи парламенти Гурҷистон идома ёфт. Аксари эътирозгарон ҷавон буданду бо куртаҳои сабз дар тан тақозои манъи ҳабс ба хотири кашидани ҳашишро дар миён гузоштанд.

Ҳафтаи гузашта дар як сӯҳбати телевизионӣ вазири кор, беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии Гурҷистон Давид Сергеенко гуфт, ки вазорати зери раҳбарии ӯ бо вазорати адлияи ин кишвар имкони қонунӣ намудани кашидани ҳашишро баҳс дорад.
XS
SM
MD
LG