Пайвандҳои дастрасӣ

Адвокатҳои Тоҷикистон муттаҳид мешаванд


Шаш коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон барои таҳти як иттиҳод ҷамъ омадан тасмим гирифтанд. Ин тасмим зимни як ҳамоише гирифта шуд, ки бо ширкати раҳбарони коллегияҳои вакилони дифои Тоҷикистон ва Анҷумани байнулмилалии вакилони дифоъ дар Душанбе баргузор шуд. Наим Амрибеков, сарвари Коллегияи вакилони дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири дифоъ аз ҳуқуқҳои вакилони дифоъ дар Тоҷикистон, зарурати таъсиси як Анҷуман ё Иттиҳоди вакилони дифоъ пеш омадааст. Вай афзуд, фаъолияти вакилони дифоъ дар коллегияҳои алоҳида сирф ҷанбаи ихтисосӣ ва эҷодӣ дорад, аммо дар як ниҳоди ягона вакилони дифои тамоми ҷумҳурӣ бояд аз як мавқеъ баромад кунанд. Дар ҳамоиши вакилони дифои Тоҷикистон, ки таҳти унвони «Волоияти қонун ва риояти қонуният. Нақши адвокатура ҳамчун институти мустақили дифоъ аз ҳуқуқ», зарурати як Иттиҳодро қабл аз ҳама дар он арзёбӣ карданд, ки вазорати адлияи Тоҷикистон мехоҳад бо рӯи кор овардани Қонуни нав «Дар бораи адвокатура», адвокатҳоро аз ин ниҳод вобаста кунад.
XS
SM
MD
LG