Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳо дар Пактиё ва Лағмон ҷони 18 касро рабуданд


Бар асари ҳамлаи як маргталаб ва таркиши минаи рӯи раҳ дар ду вилояти шарқии Афғонистон дасти кам 18 нафар ба ҳалокат расиданд. Рӯзи душанбе як маргталаби савори мотосикл худро дар канори мактаби мардона дар вилояти Пактиё мунфаҷир кард, дар натиҷа 9 толибилм ва як корманди полис кушта ва 15 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ҳадафи ҳамла – низомиёни амрикоӣ буданд, ки аз он ҷо убур мекарданд, вале дар бораи қурбониёну осебдидагон миёни низомиёни НАТО то ҳол иттилое зери даст нест.

Дар вилояти Лағмон бар асари таркиши минаи рӯираҳӣ ҳафт мусофири як мошин, аз ҷумла, занону кудакон, ҷон бохтанд.

Масъулияти ин ҳамлаҳоро ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG