Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз мурофиаи Мэннинг шурӯъ мешавад


Брэдлӣ Мэннинг

Брэдлӣ Мэннинг

Дар ИМА рӯзи душанбе мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи парвандаи Брэдлӣ Мэннинг, муттаҳам дар ироаи санадҳои махфӣ ба сомонаи интернетии WikiLeaks, шурӯъ мешавад. Фошсозии ин аснод, ки, ба гуфтаи тафтишот, бо айби ин низомии амрикоӣ рӯй додааст, бузургтарин дар таърих фошсозии ҳуҷҷатҳои ҳукумати ИМА арзёбӣ шудааст. Дар маҷмӯъ Мэннинг садҳо ҳазор аснодро дар ихтиёри WikiLeaks гузоштааст.

Парвандаи Мэннинги 25-сола аз сӯи додгоҳи низомӣ дар пойгоҳи низомии Форт-Мид, дар наздикиҳои Вошингтон, баррасӣ хоҳад шуд. Ба сарбоз ҳабси абад таҳдид мекунад. Мэннинг бархе аз бандҳои айбномаро эътироф, аммо иттиҳоми асосӣ – кӯмак ба душманони Амрикоро рад кардааст.

Брэдлӣ Мэннинг, ки се сол боз дар зиндон аст, мегӯяд, бо ироаи асноди махфӣ ба WikiLeaks мехост баҳсҳо дар бораи амалиёти низомӣ ва сиёсати Амрико шурӯъ шаванд.
XS
SM
MD
LG