Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полис дар Анкара сӯи эътирозгарон оташ кушод


Дар шаҳри Анкара, пойтахти Туркия, бори аввал кормандони полис сӯи эътирозгарон оташ кушоданд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, як нафар ҷароҳат бардоштааст.

Шоми якшанбе тақрибан 50 автобус бо эътирозгарон аз дигар шаҳрҳо ба Истамбул омаданд ва ба ҳамоиши аҳзоби мухолифи ҳукумат пайвастанд. Беш аз 30 ҳазор нафар аз бахши аврупоӣ то бахши осиёии Истамбул раҳпаймоӣ карданд. Онҳо бо шиорзаниҳо хостори истеъфои нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон шуданд.

Беш аз 15 ҳазор сокинони шаҳри Измир ҳам ба хиёбонҳо рехтанд, онҳо сӯи дафтари ҳизби ҳукмрони Адолат ва тараққиёт санг андохта, истеъфои нахуствазирро талаб карданд.

Эътирозҳо дар Туркия баъди он авҷ гирифтанд, ки полис ҳамоиши донишҷӯёни донишгоҳҳои Истамбул алайҳи буридани дарахтҳо дар парк ва алайҳи тасмими он ҷо бунёд кардани маркази бузурги тиҷоратиро пароканда намуд. Мардум ба аъмоли кормандони полис, ки сӯи мардуми осоишта аз тирҳои резиниву гази ашковар истифода намуданд, эътироз карданд.
XS
SM
MD
LG