Пайвандҳои дастрасӣ

Дар обхезӣ дар Аврупои марказӣ 3 кас ҷон бохтаанд


Бар асари обхезӣ ва ярч дар Ҷумҳурии Чех, Австрия ва Олмон дасти кам се нафар ҷон бохтанд. Вазъи баъд аз боронгариҳои пайдарҳам ба вуқуъпайваста “бадтарин дар Аврупои Марказӣ” дар даҳ соли ахир арзёбӣ мешавад.

Нахуствазири Чехия Петр Нечас рӯзи якшанбе дар бахши аъзами кишвар вазъи изтирорӣ эълон кард. Ҳамзамон ҳукумат барои раъфи паёмадҳои офати табиӣ 300 миллион крон, муодили 15 миллион доллар, ҷудо кард.

Дар шаҳри Прага ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ халадор шудааст. Кормандони хадамоти изтирорӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз зери об мондани мавзеъҳои канори рудхонаи Влтава, аз ҷумла, биноҳои таърихии Прага, ба мустаҳкамсозии соҳилҳо машғуланд.

Бар пояи хабарҳо, бар асари обхезӣ дар Чехия ду нафар ва дар Австрия як кас ба ҳалокат расидаанд. Дар вилоятҳои Саксония, Тюрингия, Бавария ва Баден-Вюртемберги Олмон вазъи изтирорӣ эълон шуд, мардуми баъзе манотиқ ба ҷойҳои амн интиқол меёбанд.
XS
SM
MD
LG