Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кишварҳои ЕВРАЗЕС дипломҳои ҳамдигарро эътироф карданд


Кишварҳои узви ЕВРАЗЕС дипломҳои донишкадаҳои олии ҳамдигарро эътироф карданд. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки эътирофи санадҳои донишкада ва донишгоҳҳои кишварҳои узви ЕВРАЗЕС имкон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик бо дипломҳои худ дар ин кишварҳои ҷои кор ва машғулият пайдо кунанд. Дафтари матбуоти Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 3-юми июн ба «Озодӣ» гуфт, ки дар доираи нишасти сарвазирони кишварҳои узви ЕВРАЗЕС, ки охири ҳафтаи гузашта дар Минск баргузор шуд, чанд санади муҳим, аз ҷумла санади эътирофи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти олии касбии кишварҳои узв ба имзо расидааст. Ин санад тайи 21 соли ахир миёни кишварҳои узви ЕВРАЗЕС мавриди суол қарор дошт ва дар мулоқоти ахири нахуствазирони ин кишварҳо эътироф карда шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки акнун эътирофи дипломҳои мактабҳои олии кишварҳои узви ЕВРАЗЕС имкон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик бо тахассуси худ дар ниҳодҳо ва муасисаҳои кишварҳои узви ин созмон машғулият пайдо кунанд. Дафтари матбуоти ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки зери ин санад нахуствазир Оқил Оқилов ба намояндагӣ аз Тоҷикистон имзо гузоштааст. Ҳамин тавр нахуствазирони Белоруссия, Русия, Қазоқистон, Украина, Арманистон ва Тоҷикистон дипломҳои донишгоҳҳои кишварҳои якдигарро эътироф намуданд.
XS
SM
MD
LG