Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду сокини Дарвоз дар садамаи автомобилӣ


Бар асари садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Шӯрообод-Қалъаихум, ду сокини ноҳияи Дарвоз ҷони худро аз даст доданд. Ҳодиса шомгоҳи якшанбе дар маҳали километри дувоздаҳуми қитъаи Шоҳон -Зиғар, воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод рух дода ва ронандаи худрави тамғаи «Опел» аз уҳдаи идораи мошин набаромад ба ҷарӣ сарозер шудааст. Дар натиҷа ронанда Далер Юсуфов ва яке аз ҳамроҳонаш Афрӯз Юсуфов, сокинони деҳави Хостави ноҳияи Дарвоз дар ҷои ҳодиса ҷон доданд. Ҳамроҳи дигари онҳо Шӯҳрат Қурбонҷонов, сокини ҳамин деҳа бо ҷароҳатҳо ба бемористони ноҳияи Шӯрообод интиқол ёфта, вазъи саломатии ӯ сангин арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG