Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар шаҳрҳои Туркия фӯру нишастааст


Баъди ду рӯзи тазоҳуроти хушунатомез дар шаҳрҳои Истанбул ва Анкара, намоишҳои эътирозӣ дар Туркия фӯру нишастаанд. Ҳарчанд шаби гузашта муноқишаҳои алоҳида дар Истанбул мушоҳида шуд, аммо бино ба гузоришҳо авзоъ дар кулл ором шудааст. Шоми гузашта, баъди фӯру нишастани тазоҳурот дар майдони Тақсим дар маҳалли аслии тазоҳурот, нерӯҳои амниятии Туркия зиреҳпӯшҳои худро аз онҷо берун кашиданд. Дар маҷмӯъ дар даҳҳо тазоҳуроти алоҳида дар Туркия, маъмурони амниятӣ 900 нафарро дастгир кардаанд. Муаммар Гулер, вазири умури дохилии Туркия, гуфт, баъзе аз боздоштшудагонро раҳо кардаанд, теъдоди дигар дар додгоҳ муҳокима хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи тазоҳуротҳо 26 афсари пулис ва 53 шаҳрванди оддӣ ҷароҳат бардоштаанд. Тазоҳурот, ки аввал алайҳи тарҳи сохтмонҳои нав дар майдон ва парки Тақсим буд, баъдан ба тазоҳурот алайҳи Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия ва Ҳизби Адолат ва Тавсиаи ӯ табдил ёфт.
XS
SM
MD
LG