Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси Олии Миср беэътибор эълон шуд


Додгоҳи Олии Миср палатаи болоии порлумон ва гурӯҳи муаллифи тарҳи Қонуни Асосии ин кишварро беэътибор эълон кард. Бар асоси ҳукме, ки Додгоҳи Конститутсионии Миср, рӯзи якшанбе содир кард, Маҷлиси Олии Миср ва гурӯҳи корие Қонуни Асосиро таҳия кардаанд, бар тибқи қонуне интихоб шудаанд, ки дуруст набуд. Бар тибқи амри додгоҳ, Маҷлиси Олии Миср бояд баъди интихоби палатаи поёнии порлумон дар охири ҳамин сол ва ё аввали соли 2014 пароканда карда шавад. Маҷлиси Олӣ баъди пароканда кардани палатаи поёнии порлумони Миср дар моҳи июни соли гузашта ҳаққи қонунгузориро соҳиб шуд. Ҳоло маълум нест, гурӯҳи кории 100 нафарӣ ва муаллифони Қонуни Асосӣ, ки бо ҳидояти раиси ҷумҳури исломгар Муҳаммад Мурсӣ таъсис шуд, ин санадро беэътибор эълон мекунанд, ё не. Қонуни Асосии Миср моҳи декабри соли гузашта дар раъйпурсии умумӣ қабул шуд.
XS
SM
MD
LG