Пайвандҳои дастрасӣ

Парчами миллии порашударо иваз карданд


Парчами ивазшуда. Акс аз саҳифаи Назири Нусрат дар Фейсбук

Парчами ивазшуда. Акс аз саҳифаи Назири Нусрат дар Фейсбук

Парчами баландтарин ва бузурги Тоҷикистонро, ки рӯзи 2 июн аз боди шадид дарида буд, соате баъд иваз кардаанд.

Баъди ҳамагӣ якуним соати пора шудани матоъи парчами миллӣ аз боди тунде, ки субҳи 2 июн болои пойтахти Тоҷикистон вазид, хабарнигори Имрӯз Нюс Назири Нусрат дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук акси парчами наве нашр кард, ки алакай ба милаи 165-метрии Парчами миллии Тоҷикистон насб кардаанд. Назири Нусрат мегӯяд, ин аксро соати 15 бардоштааст.

Аз шиддати бод даридану канда шудани матоъи Парчами миллӣ бори аввал нест ки мушоҳида мешавад. Агарчӣ парчами мазкурро ҳар се моҳ бинобар газанди “боду борон” иваз мекунанд, аммо дар таърихи 24 апрел баъди пора шуданаш аз боди сахт, парчами наве болои ин милаи 165-метрӣ афрохта буданд.


Парчами миллӣ баъди "ҳамла"-и бод. субҳи 2 июн

Парчами миллӣ баъди "ҳамла"-и бод. субҳи 2 июн

Рӯзи 2 июн ҳам, ҳарчанд боду борон дер идома накард, вале барои пора шудани парчам кофӣ буд. Парчами миллии Тоҷикистон бо 30 метр дарозӣ ва дар милаи 165 метрӣ баландтарин дар дунё шумурда мешавад ва онро расман рӯзи 9-уми сентябри соли 2011, дар ҷараёни ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон барафрохтанд.

Дар соли 2011, вақте милаи 165-метрии Парчами миллии Тоҷикистон ифтитоҳ мешуд, низ дар ҷомиа баҳси зиёде пиромуни он сурат гирифта буд. Бисёриҳо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки беш аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳамасола барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ин масъаларо матраҳ карда буданд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои тарҳҳои пуриддаое, чун баландтарин милаи парчами дунё, ки бино ба ҳисобҳо, чанд миллион доллар харҷ дошт, бояд барои мардуми ташнаи кораш ягон корхона месохт.


Боди тунди рӯзи 24 апрел парчами миллии Тоҷикистонро комилан канда бурда буд

Боди тунди рӯзи 24 апрел парчами миллии Тоҷикистонро комилан канда бурда буд

Пора шудани парчам ҳар дафъа баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бармеангезад ва яке дар бораи харҷи беҳуда менависад, яке дар бораи бесифатии матоъ ва саввумӣ ба ҳоли он механдад. Дар шарҳи акси порашудаи парчам дар яке аз вебсайтҳои тоҷикӣ, як нафар навиштааст, “Дар чунин ҳолат дар баъзе аз кишварҳо, шояд мардум ба ҳоли парчами кишварашон мегиристанд ва навбат меистоданд, то онро дигарбора барафрозанд. Вале мо?”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG