Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи Моликӣ барои поён додан ба хушунат дар Ироқ


Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, ба хотири хотима додан ба муноқишаҳои афзояндаи мазҳабӣ дар ин кишвар бо раҳбарони фирқаву ҷиноҳҳои мухталифи кишвар мулоқот кард. Мулоқот рӯзи шанбе сурат гирифт, вале ҷузъиёти онро нашр накардаанд. Пештар аз ин Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки танҳо дар моҳи май дар ҳамлаву бомбгузориҳо дар Ироқ бештар аз 1000 нафар кушта шудаанд. Танҳо дар ҳафтаи гузашта дар бомбгузориҳо дар маҳаллаҳои шиъа ва суннинишини шаҳри Бағдод, дасти кам 100 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, хушунатҳои афзоянда, баёнгари бадтар шудани танишҳо миёни ҳукумати ба раҳбарии шиъамазҳабон ва аққалияти сунниҳо дар Ироқ аст, ки мегӯянд, ҳуқуқи онҳо нодида гирифта мешавад. Дигар ин ки вазири дифоъи Ироқ гуфт, як ҳалқаи Ал-Қоидаро кашфу боздошт карданд, ки мехостааст, бо таҳияи силоҳи кимиёвӣ дар ин кишвар ва Аврупову Амрико ҳамла анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG