Пайвандҳои дастрасӣ

Итолиё зану духтари тоҷири қазоқро ихроҷ кард


Мақомоти Итолиё зану духтари Мухтор Аблиёзов, тоҷири қазоқистониро, ки ба ҷиноятҳои сангин муттаҳам мешавад, аз кишварашон ронда ба Қазоқистон бозпас фиристодаанд. Худи Аблиёзов Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистонро ба рабудани аъзои хонаводааш муттаҳам кард. Бино ба гузоришҳо, Олма Шалабоеваро барои доштани шиносномаи тақаллубӣ аз Итолиё ихроҷ кардаанд. Вакили дифоъи ӯ ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки дар воқеъ ҳамсари Аблиёзов раводиди лозим барои иқомат дар Итолиё надошт, вале ба Қазоқистон бозпас фиристодани ӯ ғайриқонунист, зеро дар онҷо ба ҷони ӯ хатар таҳдид мекунад. Мухтор Аблиёзов, соли 2009 баъди муфлис ва миллӣ эълон шудани бонкаш бо номи БТА аз Қазоқистон фирор кард. Соли 2011 Бритониё ба ӯ ҳаққи паноҳандагӣ дод. Бонки мазкур Мухтор Аблиёзов ва шарикони ӯро ба дуздии 6 миллиард доллар муттаҳам мекунанд. Худи маҳалли зиндагии Аблиёзов маълум нест.
XS
SM
MD
LG