Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман ҳафт ҷангҷӯи Ал-Қоидаро куштаанд


Мақомоти Яман мегӯянд, дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар шимоли он кишвар, ҳафт ҷангҷӯи Ал-Қоида кушта шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин ҳафт нафар ҳангоми ҳаракат дар ду мошин дар ноҳияи Ал-Маҳфади вилояти Абён ҳадафи мушак қарор гирифтаанд, ки ҳузури ҳалқаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб дар онҷо зиёд аст. Тундравони шарики Ал-Қоида соли 2011 баъзе аз шаҳрҳои ҷанубии Яманро тассаруф карданд, вале баъдан размандагони қабилаҳо ва бо кӯмаки Амрико ин ноҳияро аз дасти онҳо гирифтанд.
XS
SM
MD
LG