Пайвандҳои дастрасӣ

Русия сигоркашӣ дар маконҳои умумиро мамнӯъ кард


Дар Русия рӯзи якуми июн қонуне ҳукми иҷро гирифт, кашидани тамоку аз ҷумла сигору нос дар маконҳои умумиро мамнӯъ мекунад. Бар асоси қонуни нав, кашидани сигору нос дар мактабу донишгоҳ, бемористону осорхона, толорҳои варзишӣ ва нақлиёти умумӣ мамнӯъ аст. Бино ба омори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, тақрибан 40 дар сади мардуми Русия сигор мекашанд ва
солона даҳҳо ҳазор нафар аз бемориҳое мемиранд, ки тамоку иллати аслии он аст.
XS
SM
MD
LG