Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони нави Покистон қасам ёд кард


Рӯзи шанбе дар Покистон порлумони нави ин кишвар қасам ёд кард ва ҳамингуна бори аввал қудрат ба таври демократӣ ба дасти гурӯҳи дигар гузашт. Маросим адои савганд дар шаҳри Исломобод зери тадобири шадиди амниятӣ ва дар маҳалле баргузор шуд, ки аксарияти идораҳои ҳукуматӣ ҷойгиранд. Раиси нави порлумонро рӯзи душанбе дар раъйдиҳии пинҳонӣ интихоб мекунанд. Навоз Шариф, ки Ҳизби Лигаи Мусулмонони ӯ дар интихоботи моҳи май пирӯз шуд, расман аз тарафи палатаи поёнии порлумон нахуствазири интихоб мешавад ва рӯзи чаҳоршанбе савганд ёд мекунад. Ҳизби мазкур аз ҳисоби 342 курсӣ, 177 курсиро дар даст дорад.
XS
SM
MD
LG