Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Ҳагел алайҳи идомаи ҳамлаҳои интернетӣ


Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико, алайҳи идомаи ҳамлаҳои интернетӣ ба шабакаҳои кишвараш аз сӯи мутахассисони Чин ҳушдор дод. Ӯ дар як нишасти амниятӣ дар Сингапур гуфт, Амрико аз хатарҳои афзоянда ба шабакаҳои мухобиротиаш нигарон аст ва баъзе аз ин ҳамлаҳо ба гуфтаи Чак Ҳагел кори дасти онҳоест, ки бо ҳукумат ва артиши Чин иртибот доранд. Вазири дифоъи Амрико дар идомаи сӯҳбаташ ба кишварҳои қораи Осиё итминони хотир дод, ки бо вуҷуди коҳиши чашмгири буҷаи низомӣ, Иёлоти Муттаҳида нерӯву киштиҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангиашро дар ҳавзаи Уқёнуси Ором ҷойгир хоҳад кард. Қарор аст, раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама ва Хи Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, рӯзҳои 7 ва 8 июн дар аёлати Калифорния мулоқот кунанд.
XS
SM
MD
LG